Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз як ҳодисаи нохӯш, ки қариб буд ҷони як навраси 16-сола аз даст равад, пешгирӣ карданд.
Ин ҳодиса дар кӯли “Чорбоғ”, дар қаламрави пойтахти кишвар рух дод. Як писари 16-сола сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба огоҳии навбатдорон аз ҷумлаи имдодгарони КҲФ дар соҳили кӯл, ки аз шаҳрвандон хоҳиш мекарданд ба дуриҳо шино накунанд, диққат надода, худсарона аз соҳил хеле дур рафт. Ва чун мехост баргардад, дигар ёрои бозгашт намекард, қувваташ намерасид ва мушоҳида шуд, ки писарак ғарқ мешавад.
Ба имдодгарони Раёсат муяссар шуд, ки сари вақт ба кумакаш шитобанд ва ӯро наҷот диҳанд. Маълум буд, ки хеле тарсидааст, вале ба ёрии тиббӣ ниёз надошт, чун солиму бехатар ба соҳил оварда шуда буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳаткунандагон дар соҳилҳои обҳои кишвар муроҷиат мекунад:
Риояи қоидаҳои бехтарӣ дар обҳо гарафи аслии таъмини амнияти худи шумост. Агар ин қоидаҳоро намедонед, пас хуб мешавад вориди об нагардед.
Агар ба қувваи худ бовар надоред, дур шино накунед. Вале беҳтар аз ҳама оббозӣ дар мавзеъи наздик ба соҳилҳост ва Шумо набояд инро фаромӯш кунед!