8 июни соли 2023 соати 20:18 дақиқа дар Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар як ҷазираи хурдакаке дар рӯди Душанбе, ки аз қаламрави тарабхонаи “Яккасарой” мегузарад, як одам намудор аст.
Дастаи имдодгарон аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуд. Ба ҷойи ҳодиса расида наҷотдиҳандагон даст ба кор заданд ва аз пайи наҷоти марде шуданд, ки зоҳиран аз он ҷазира имкони берун шудан надошт.
Ҳарорати об ҳангоми роҳандозии корҳои наҷот 17-18 дараҷа гарм буд. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ресмони эҳтиётӣ худро ба он мард расонданд, ӯро ҷавшани наҷот пӯшонданд, бо ресмон бастанд ва ба соҳил оварданд.
Маълум гардид, ки марде будааст 63-сола, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон. Ҳангоми моҳидорӣ сархӯш аз шароб ба об сарозер шудааст. Мавҷи пурхурӯш ӯро билохира ба ҷазираи хурдакак партоб кардааст. Муддатҳо ҳама талошҳояш барои наҷоти ҷонаш беҳуда буданд.
Марди наҷотёфта ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо, ҳангоми моҳидорӣ ё истироҳат ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.