Гармои шадид. Чӣ бояд кард, то аз таъсири он эмин бимонем?

Бино ба маълумоти обуҳавосанҷон ҳафтаи оянда низ дар қаламрави кишвар ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Ба хотири рӯбарӯ нашудан ба ҳодисаҳои нохӯше, ки ба гармои тоқатфарсо иртибот дорад, Кумитаи ҳолаттҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад:

Аз таъсири гармо худро дур нигоҳ доред. Либоси рангаш равшан ва ҳавогузар дар тан бипӯшед, бештар либосе дошта бошед, ки аз матоъи патахгӣ дӯхта шудааст. Ва дар сар доштани кулоҳи сабуки тобистона муфид аст.

Агар ин ҳолат пеш омад, ки шумо дар зери нурҳои гарми офтоб қарор мегиред, пас талош кунед бештари қисмати болоии пӯсти бадани худро бипӯшед. Дар ёд дошта бошед, ки пӯсти зери нурҳои офтоб сӯхта дигар арақ намекунад ва сард намешавад.

Оҳиста қадам занед ва талош намоед ҳамеша дар соя роҳ паймоед. Ҳаргиз оби ҷав (пиво) ва дигар машруботи спиртдор истеъмол накунед. Шароб метавонад ба организми шумо таъсири манфӣ расонад ва саломатии шуморо ба хатар рӯбарӯ созад.

Шумо ҳатман бо духтури муолиҷи худ машварат кунед: оё дар чунин ҳолат бароятон истеъмоли иловагии намак зарурат дорад? Ба коҳиши ҳарорати бадан ба оби сард тар кардани дасту пой кумак мекунад.

Агар нишонаҳои осеби гармӣ пайдо шаванд (ҳастагии умумӣ, дарди сар, сурхшавӣ ё сафедшавии рӯй, набзи ғайримуқаррарӣ), шумо бояд бештару пайваста об истеъмол кунед, то талафоти моеъро бо арақи хориҷшуда ҷуброн кунад ва онро дар вояи хурд (80- 100 мл) бинӯшед, обро муддати дароз дар даҳон нигоҳ доред, баданро сард кунед ва хеле ба зудӣ худро дар соя паноҳ диҳед, ё дар раҳи гузари бод нишинед, ки шамол ба шумо асар кунад ва ё оббозӣ кунед.

Агар шумо дар соҳил истироҳат мекунед ва ё дар ҳавои гарм дар лаби дарё нишастаед, ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки дамои ҳаво дар офтоб метавонад то да 50 дараҷа гармӣ расад ва ҳатто аз он ҳам болотар равад. Ин дар ҳолест, ки ҳарорати об  +22+26 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Агар шумо баъди будубоши басо тӯлонӣ дар  дар соҳил баногаҳ бархезед ва худро ба об ҳаво диҳед, ин метавонад сабабгори нафасгирифтагӣ ва ҳатто аз кор мондани дил шавад. Аз ин рӯ, пеш аз он ки дар чунин ҳолат вориди об шавед, аввал бояд сари сина, тахтапушт ва сари худро дар об тар кунед. На як бору дубор: ба такрор. Он вақт метавонед пурра ба об ворид шавед. Ин тавсия бештар барои афроди солрафта аст, ки ҳасосияти баданашон бештар аст.

Дар соҳили обҳо қарор дошта, ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя кунед.
Бахусус бачаҳоро беназорат нагузоред!
Дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ накунед!

барчасп: