Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавии савганди наваскарон ба охир расид. То 7 июни соли 2023 280 нафар хидматчиёни ҳарбии КҲФ, даъвати баҳорӣ санганд ёд карданд.
Хидмат ба Ватан як вазифаи душвору пурмасъулият аст, ки танҳо мардони асилу ҷавонмардони ватандӯст метавонанд аз уҳдаи он бароянд. Онҳое, ки савганди садоқат ёд карданд, хуб медонанд, ки дар пеш ду соли талошҳо ва заҳматҳост, ду соле, ки бояд як мактаби ҷасорату мардонагиро пушти сар гузоранд.
Чунончӣ, 7 июни соли 2023 дар қисмҳои ҳарбии КҲФ, ки дар қаламрави ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Вахш ва Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд, чорабинии тантанавии савгандёдкунии наваскарон баргузор шуд, ки дар онҳо ҷонишини аввали Раиси Кумта полковник Ҳотамшо Латифзода ва ҷонишинони Раиси Кумита генерал майорҳо Сулаймон Исозода ва И.Иброҳимзода иштирок намуданд.
Онҳо дар як вазъи тантанавӣ ба номи Ватани маҳбуб савганд ёд карданд, ки софдилона ва аз дилу ҷон хидмат мекунанд ва ба иҷрои ҳар амру супориш барои дифоъ аз марзу бум, таъмини амнияти кишвар омода хоҳанд буд.
«Бароям ин лаҳза, лаҳзаи савганд ёд кардан як лаҳзаи басо ҳаяҷоновар аст. Ман ҳамеша орзу доштам хидмати ҳарбӣ кунам. Ин ҷо муддати ду ҳафта моро ба ҳама нозукиҳои хидмат ошно карданд, низомро омӯхтанд. Ҳоло ният кардам баъди анҷоми хидмати дусола сарнавишти худро ба кори ҳарбӣ бупайвандам ва бовар дорам аз уҳдаи ин кор мебароям”,- гуфт Низомиддин Салимҷонов, яке аз наваскарон.
Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ фармондеҳон, волидоне, ки ба маросим омада буданд ва собиқадорон суханрониҳо карданд ва ба наваскарон барои иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои сарбозӣ комёбиҳо хостанд.
Ҳамаи ин маросимҳои тантанавӣ бо сафороии ҳарбӣ ва гузашти низомӣ ба анҷом расиданд.