Рӯзи 1 июни соли 2023, соати 17:20 дақиқа аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолаттҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар кӯли “Мехкарйер”-и маҳаллаи Чимтеппа як ноболиғ ғарқ шудааст.
Бо дарёфти хабар дастаи ғаввосону наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии зериобӣ соати 18:40 дақиқа ҷасади ғарқшуда пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Маълум гардид, ки ӯ як навраси 14-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, маҳаллаи Навбаҳор - 2 будааст.
Сабаби ғарқи об шудани наврас таҳқиқ мешавад.
Тибқи маълумоти бахши Кумита дар ноҳияи Лахш рӯзи 1 июни соли 2023, тахминан соати 17:05 дақиқа автомашинаи тамғаи “Мusso”, ки аз ҷониби як сокини 23-солаи деҳаи Зарринрӯди ҷамоати деҳоти Лахши боло идора мешуд, ба ҷарӣ сарозер шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин мошин аз мавзеъи Сарбулоқи ҷамоати деҳоти ёдшуда ҳаракат карда буд.
Як мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.
Шахси ҳалокшуда ҳамагӣ 9 сол доштааст.
Сабаби ин садамаи мудҳиш дақиқан маълум нашудааст.
Ба эҳтимоли зиёд риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муҷиби фоҷеа шуда бошад.