Се хабари рӯзи гузашта

21 майи соли 2023, тахминан соати 15:00 дақиқа як сокини 42-солаи   деҳаи Куҳнақурғани ҷамоати деҳоти Г. Бердибоеваи ноҳияи Мурғоб нопадид шудааст. Бино ба гуфтаи пайвандонаш вай барои овардани чорвои худ ба самти дарёи Ак-суу рафта буд ва муддатҳои гузашта аз ӯ дарак нест.

Ин ҳама рӯзҳо ҷустуҷӯи ӯ аз ҷониби сокинони деҳа идома дошт. Ниҳоят 29-уми май  тахминан соати 13:35 дақиқа ҷасади ӯ аз дарёи Ак-суу пайдо ва ба хешовандонашон супорида шудааст.

Сабаби ғарқи шудани марҳум маълум нест. 

Рӯзи 28 майи соли 2023, тақрибан соати 17:00 як сокини 59-солаи кӯчаи Қурбон Холиқов №169-и ҷамоати шаҳраки Москва дар ҳолати мастӣ дар канал Панҷ, ки аз наздикии манзили истиқоматиаш мегузарад, ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасад муддати ду рӯз идома дорад, вале натиҷа ҳосил нашудааст.  

Рӯзи 30  майи  соли 2023,  соати 00:06 ба  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як сокини кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи пойхтахт хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста шудааст ва фарзанди ноболиғаш дар хона танҳост.

Кормандони имдод аз Раёсад бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва соати 01:10 дақиқа дарро боз намуданд.

Волидонро зарур аст ҳангоми берун шудан аз хона аввалн нобилонро танҳо нагузоранд, вале агар рафта зарурате пеш омад, ки онҳо бояд муддате дар хона танҳо бошанд, қоидаҳои бехатариву амниятро комилан риоя намоянд. 

барчасп: