КҲФ: Хатари омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч ҳамоно боқист!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмнони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 29 майи соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ (ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ) хатари омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Боришоти пуршиддат метавонад сабаби болоравии оби рӯдхонаҳо шавад. Аз соҳилҳо берун шудани об метавонад сабабгори зери об мондани майдонҳои кишт, харобии пулҳои хурду паст гардад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад тадбирҳои амниятиро риоя кунанд. Дар чунин рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо ба қасди ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои дорувор, занбӯруғ  ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд ва чорвочаронӣ маслиҳат нест.

 Бо мақсади пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел Кумита тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯйборҳо, селроҳаҳо ва каналҳои гурду атрофи худро аз ҳар гуна селовардаҳо тоза кунанд, то об ба маҷрои худ бе мамониат ҷорӣ шавад ва боиси харобиҳо дар киштзор ва ҳавлиҳову хонаҳои мардум нашавад. 

Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳамеша ба эълону хабарҳои КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намоянд.

 

барчасп: