25 майи соли 2023 ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сокинони деҳаи Саро, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт занг заданд ва хоҳиш карданд, ки барои аз кӯҳ поин овардани як сокини деҳа, ки имкони мустақилона фаромадан надорад, ёрӣ расонанд.
Маълум шуд, ки як хонум, сокини 43-солаи ин ноҳия гирифтори бемории рӯҳист. Ӯ 23-уми майи соли 2023 аз хона берун шудаву дигар барнагаштааст. Баъдан ба сокинон маълум шудааст, ки вай ба кӯҳ рафтаву хеле боло баромадааст ва наметавонад аз он поён ояд.
Наҷотдиҳандагон ва духтурони Раёсати КҲФ ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба маконе, ки ин зан қарор дошт, боло шуданд ва ӯро беосеб поин оварданд ва солим ба пайвандонаш супурданд.
25 майи соли 2023 сокини бинои 55 кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории КҲФ хабар дод, ки лифти ин бино дар роҳи боло рафтан хароб шудааст ва писари панҷсолаи ӯ дохили лифт мондааст.
Барои расонидани ёрии фаврӣ дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва лифтро боз намуда, писракро ба волидонаш супурданд.
Ӯ осеби равонӣ ҳам надида буд, ба кумаки тиббӣ ниёз надошт.
Даъвати сеюм аз сокин хонаи 7 кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломов расид. Ин хонум хоҳиш мекард, ки дар боз кардани дарои манзили истиқоматиаш кумак кунанд. Наҷотбахшон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дарро бо таҷҳизоти махсус ва бе ягон осеб боз намуданд.