19 майи соли 2023 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати баҳории қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами ҳарбӣ ёд карданд.
94 нафар наваскарони се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳидии пайвандону дӯстонашон, ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ савганди садоқат ёд карданд.
Сарбозон дар хузури фармондеҳон, падару модарон ва меҳмонони даъватшуда дар даст силоҳ ба Ватан савганд ёд карданд, ки вазифаи ҳарбии худро сазовор иҷро намуда, озодӣ ва истиқлолияти давлатро мардонавор ҳимоя мекунанд. Хизматчиёни ҳарбӣ санади савганди ҳарбиро бо имзои худ тайид карданд.
Дар маросим роҳбарони КҲФ, ҷанговарони интернатсионалист, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои наздик ба қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин волидону пайвандон ва дӯстони наваскарон иштрок намуданд.
Волидоне, ки дар ин маросим иштирок доштанд, намояндагони фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва меҳмонони даъватшуда наваскаронро ба ин муносибат табрик карданд.
Ҷонишини Раиси КҲФ генерал-майор И.Иброҳимзода ба наваскарон муроҷиат намуд ва гуфт: «Имруз дар хаёти онхое, ки қасами садоқат ёд карданд, рӯзи хотирмону хеле муҳим хоҳад буд. Бояд дар хотир дошт, ки суханоне, ки шумо имрӯз гуфтаед, пеш аз ҳама боварии волидон, хешу табор ва дӯстон аст, ки шумо ҳамеша барои ҳифзи онҳо омода ҳастед. Аз ин рӯ, ман ҳамаро даъват менамоям, ки хидмати ҳар яки шумо нисбат ба вазифае, ки дар назди Ватан бошарафона ба ҷо оварда шудааст, танҳо ҳисси ифтихорро бедор созад».
Баъди маросими тантанавии савгандёдкунии муовини раиси Кумита генерал-майор И. Иброҳимзода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидайни хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ суҳбат карда, ба ҳама саволҳои онҳо посух доданд, ба аҳли хонаводаи наваскарон рақамҳои телефонҳои фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва мутасаддиёни дигарро доданд, то дар зарурат озодона тамос гиранд.