Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии аҳолӣ, махсусан ҷавонон дар назди обанборҳо диққати ҷиддӣ медиҳад. Кормандони КҲФ чорабиниҳои гуногуни таблиғотиро, ки ба баланд бардоштани фарҳанги бехатарии ҳаёт ва пешгирии марги кӯдакон дар махзанҳоии об равона шудаанд, мегузаронанд.

Чунончӣ, дар доираи роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои об аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии омӯзишгоҳи техникӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба рафтор дар назди объектҳои об дарсҳо гузаронида шуд.

Намояндагони идораи наҷоти кишвар ба бачаҳо дар бораи қоидаҳои асосии рафтори бехатар дар об нақл карданд, чӣ гуна кӯмак карданро ҳангоми ғарқшавӣ ва расонидани ёрии аввалия  равшан нишон доданд.

Дар ин дидору мулоқотҳо мутахассисон як бори дигар таъкид карданд, ки ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо эҳтиёт кунанд, ба танҳоӣ вориди об нашаванд ва агар шиноварӣ наметавонанд, аслан аз оббозӣ даст кашанд, то ҳаёташон зери хатар намонд.

барчасп: