Рӯзҳои 3-5 майи соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи Нақшаи пурра намудани Маркази таълимӣ-методии Раёсати КҲФ дар соли 2023 ва мутобиқ ба Омӯзиши барномавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони масъули Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳрҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Хуросон, Ёвон, Шаҳритус, Ҷалолуддини Балхӣ, Панҷ ва Дӯстӣ курси омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар курси омӯзишӣ оид ба танзими ҳуқуқӣ ва ташкили омӯзиш барои аҳолӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва муҳофизат аз ҳолатҳои фавқулодда тавзеҳот дода шуд.
Дар ҷаласаҳои кушод дар шакли муаррифӣ коркардҳо оид ба ҷорӣ намудани усулҳои нави кор дар татбиқи чораҳои пешгирикунанда, инчунин меъёрҳои арзёбии хисорот дар мавриди оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод карда шуданд.
Шунавандагони омӯзиши дурӯза ба ҳама суолоти худ посух дарёфт намуданд.