Аз 5 то 6 майи соли 2023 дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд, вале ҳодисаҳои нохуше, ки ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва нодида гирифтани ҳушдорҳои КҲФ иртибот доранд, сабт шуданд.
Пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ дар мавриди хатари чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор дода буд. Ҳамчунин аз волидон хоҳиш мекард фарзандони ноболиғи худро танҳо ва беназорат нагузоранд. Мутаассифона, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва гӯш надодан ба ҳушдорҳову хоҳишҳо боиси фоҷеа мешаванд.
Чунончӣ, 5-уми майи соли 2023 соати 16 як сокини 80-солаи деҳаи Тенгхон, ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми чаронидани чорвои калон баногаҳ аз баландии 50-60 метр минтақаи кӯҳи сарозер шуд. Бар асари ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ҳодисаи дуюм дар ҳудуди шаҳри Турсунзода рух дод. Рӯзи 5 май як сокини 32-солаи деҳаи Шӯрхоки ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо мақсади ҷамъоварии туршак ва дигар рустаниҳо ба водии Ҳакимӣ равон шуд, вале бегоҳ барнагашт. Аз ҷониби кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо сокинони деҳа корҳои ҷустуҷӯиву наҷот роҳандозӣ шуд. Вале рӯз торик шуду ин ҷустуҳо натиҷа надоданд. Субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯи марди нопадидшуда аз сар гирифта шуд.
5 майи соли 2023 тахминан соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ аз сабаби беназоратӣ аз ҷониби волидон як сокини чорсолаи деҳаи Сайёди ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми гузаштан аз болои қубури болои канали Хоҷа-қалъа сарозер шуд ва ғарқ гардид.
Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак дирӯз то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд.
Субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз кулли сокинон хоҳиш мекунад ба тавсияҳо сари вақт мутаваҷҷеҳ шаванд. Кӯдаконашонро, ки нури чашмашонанд, беназорат нагузоранд.