Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади фаъол гардонидани системаи хабардоркунӣ ва корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои оби қаламрави вилоят дар минтақаҳои тафреҳии шоҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов як сислсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намуданд.
Онҳо ҳамчунин дар мавриди омодагии тафреҳгоҳҳои вилоят ба мавсими оббозӣ ва фасли гарми тобистон санҷишҳо гузарониданд.
Ин гуна дидору мулоқотҳо барои он гузаронида мешаванд, ки омодагии шахсони масъул ба мавсими оббозиву шиноварӣ санҷида шавад, камбудиҳои ошкоршуда сари вақт бартараф карда шаванд. Диққати бештар дар чунин чорабиниҳо ба масъалаи расонидаи ёриҳои аввалини тиббӣ ба ғарқшудагон равона карда мешавад.
Кормандони Раёсат миёни сокинони вилоят ва масъулини тафреҳгоҳҳо дар бораи фоҷеаҳое сухан ронданд, ки рӯй додани онҳо эҳтимол дорад. Ва ҳамзамон дар бораи тадбирҳои пешгирӣ аз ин гуна рӯйдодҳо ҳарф заданд ва фаҳмониданд.
Наҷотдиҳандагони раёсати КҲФ ҳамчунин шеваҳои наҷот ва расонидани кумакҳои аввалияи тиббиро нишон доданд.
Дар поёни ҳар мулоқот ба ширкаткунандагон варақаҳо ва китобчаҳои дастурӣ тақсим карда шуданд.