Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷасадро аз об берун оварданд, аз таҳхонаи як бинои истиқоматӣ оби ҷамъшударо кашиданд ва ба ҷустуҷӯи ҷасади сокини 7-солаи ноҳияи Қубодиён, ки ғарқ шуда буд, оғоз карданд.
Соати 07:50 дақиқаи вақти маҳалии рӯзи 1-уми майи соли равон ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, наздикии Вазорати адлия, дар як селроҳо ҷасади марди ба тахмин 50-55-сола намудор аст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги вай муайян карда мешавад.
29 апрели соли 2023 як сокини 14-солаи маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз хона берун шуд ва дигар барнагашт. Тахмин зада мешуд, ки дар об ғарқ шудааст.
1-уми майи соли 2023 соати 10:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот имдодгарони ҷасадро дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер”, ки дар ҳудуди маҳаллаи Чимтеппа ҷойгир мебошад, пайдо ва ба кормандони милитсия супурданд.
Бино ба маълумоти қисми фаврии навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон 30-уми апрели соли равон тахминан соати 19:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 7-солаи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён аз беэҳтиётӣ дар канали маҳаллии Каттаариқ ғарқ шудааст.
Баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Бино ба гузориши расида то кунун ҷасад пайдо нашудааст ва субҳи имрӯз, 2-уми май корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодада ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта, соати 09:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ хабар расид, ки қубури оби нӯшокӣ кафидаст ва об ба таҳхонаи бинои 22 дар кӯчаи ба номи Аҳмад Дониши шаҳри Душанбе ворид мешавад.
Наҷотдиҳандагони КҲФ бо истифода аз насосҳои обкаш оби таҳхонаро берун кашиданд ва хатарро рафъ намуданд.