10 – уми январи соли 2023 дар километрҳои 67, 68, 69, 70 ва 71 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар тармаи километри 67-ум қисмати чапи як мошини тамғаи “Мерседес – Спринтер” зери ғарами барф монд. Бо талоши кормандони ширкати роҳи IRS, ки дар ин қитъа навбатдорӣ мекунанд, ронандаи мошин наҷот дода шуд.
Барои тоза кардани роҳ аз ғарами барфи сарозершуда техникаи ширкати роҳи IRS, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ВКД, ки шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд, ҷалб шуд ва барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ меандешанд. Роҳи Душанбе – Хуҷанд дар айни замон баста аст.
Шабонарӯзи гузашта имдодгарон тавонистанд ронандагон ва мусофирони 28 мошинро, ки дар километрҳои 65 то 73 роҳи Душанбе – Варзоб дармонда буданд, ба макони амн интиқол диҳанд.
Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо дар ин фасли сарду пурбориш ва расонидани ёриҳои фаврӣ Кумита дар қитъаҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон барои риояи тавсияҳои КҲФ изҳори сипос мекунад.
Ҳамзамон Кумита аз сокинони бо эҳтиром хоҳиш мекунад муваққатан дар ин гуна рӯзҳои мушкил аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ даст кашанд.