Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 10-14-уми январи соли 2023 бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар қисмати бештари қаламрави ҷумшурб ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.
Рӯзҳои 11-14 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии ҷумҳурӣ дамои ҳаво шабона 8-13 то 14-19 сард ва рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво аз 11-1ё6 то 19-24 дараҷа коҳиш ёфта, дамои рӯона аз 5-10 то 12-17 дараҷа хоҳад буд.
Рӯзҳои 14-16 январ дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ коҳиш меёбад ва то ба 32-37 дараҷа сард мешавад. Дар Булункули ноҳияи Мурғоб бошад ҳаво то -50 дараҷа сард хоҳад шуд.
10 январ ва шаби 11 январ дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар ағбаҳо барфи пуршиддат меборад, дар роҳҳои мошингард хатари яхбандӣ вуҷуд дорад. Рӯзҳои 10-11 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад.
Рӯзҳои 10-12 январ ҳавошиносон лағзиши тарм аро дар қисматҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешбинӣ мекунанд.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!
Бачаҳоро беназарат нагузоред. Дар фасли сармо бетаваҷҷуҳӣ ба пирсолону кӯдакон боиси сирояти ҳар гуна бемориҳо мешавад.
КҲФ: РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БАРОИ МОШИНҲОИ БОРКАШ БАСТА АСТ. ТАВСИЯҲО БА РОНАНДАГОН ВА СОКИНОН