Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши шашум

Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо

Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

ФОҶЕАҲОИ ПИРЯХ ДАР ОЛАМ

Чанд фоҷеае, ки дар пиряхи непалии Хумбу воқеъ дар доманаи Эверест рух дод, талафоти ҷонӣ ҳам дошт. Соли 1951 гурӯҳе аз кӯҳгардон бо сарварии Эдмунд Ҳиллари ҳангоми гузар аз он ба қасди расидан ба қуллаи Эверест дучори ҳамин гуна як ҳодиса шуд. Яке аз ширкаткунандагони ин қуллапаймоӣ баъдҳо навишт, ки вақти гузар баногаҳ зери пояшон шадидан ларзид ва пирях ба ҷунбиш омад, вале хушбахтона ҳеч порае аз он канда нашуд ва кӯҳгардон солим ба роҳи худ идома доданд. Вале соли 1969 сафари як гурӯҳи дигар аз кӯҳнавардон аз ҳамин масир фоҷеабор анҷомид ва 6 нафари онҳо ҳалок шуданд. 

Бояд гуфт, ки умқи тарқиш ё шикофи пиряхҳо метавонад бештар аз 40 метр бошад ва дарозии он чандин километр. Бо гузашти солҳо ва ба сабаби резиши барфи зиёд ва ҳаракати ях ин тарқишҳо метавонанд пӯшида шаванд. Ҳодисаҳое ҳам ҳастанд, ки ҷасади кӯҳгардоне, ки ба фоҷеа дучор шудаву ба ин тарқишҳо афтоданд, ях бастааст. Чунончӣ, соли 1820 дар нишебии Монблан се роҳнамо аз пой афтода, ба умқи яке аз ин тарқишҳо партоб шуданд. Баъди 43 сол вақте яхи ин қитъа батадриҷ об шуд, ҷасади онҳо намудор гашт ва онҳоро се километр дуртар аз ҷойи фоҷеа ёфтанд. 

Лағзиши пиряхи азим дар Ҳинд 14 нафарро кушт ва 145 нафарро бенишон кард

Моҳи феврали соли 2021 аз лағжиши як пирях дар иёлоти Уттаракҳанд, воқеъ дар шимоли Ҳинд хабар дода шуд, ки бар асари он 14 ҳалок ва 145 нафар бенишон шуданд.  Дар хабаре, ки пулиси минтақавӣ интишор додааст, омада буд, ки имдодгарон 15 нафарро зинда наҷот доданд, ҷасади 14 нафарро аз зери ях берун оварданд. 

“Ин ҳодиса хеле зуд рух дод ва ҳатто фурсате нашуд ба ҷойе хабар диҳем, гуфта буд ба хабаргузории Рейтер Санҷай Сингх Рана, ки дар ҳамин наздикиҳо зиндагӣ мекардааст. – Ман фикр кардам, ки ин фалокат ҳамаи моро хоҳад кушт”.

Ин пирях аз кӯҳи Нандадеви сарозер шуд. Нандадеви минтақаест, ки ба кӯҳҳои Ҳимолой дохил мешавад. Он аз баландӣ босуръат поин шуд ва сарбанди ду нерӯгоҳи барқие, ки дар ҳоли сохта шудан буд, рахна кард. Ҳукуматдорон фурсати онро пайдо карданд, ки сокинони деҳоти атрофро ба маконҳои амн интиқол диҳанд.

Нарендро Моди – Сарвазири Ҳинд дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки “Кишвар ба ин ниёиш аст, ки ҳамаи гумшудагон пайдо ва ба ҷойи бехатар интиқол ёбанд”.

Поёни бахши шашум. Идома дорад
Таҳияи Б.Шафеъ