Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши чорум

Камароб

Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Ҳолати пиряхҳои мавзеи дараи Камароб

Дар даҳсолаҳои охир мониторинги пиряхҳо дар ҳудуди қаторкўҳи Қаротегин, аз ҷумла ҳавзаи дараи Камароб гузаронида нашудааст ва ҳолати кунунии онҳо арзёбӣ нагардидааст. Солҳои 60-70-уми асри гузашта бо мақсади омўзиши пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ якчанд экспедитсияи глятсиологӣ сурат гирифта буд ва натиҷаҳои ин таҳқиқот дар Феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шўравӣ, ки 50 сол қабл нашр гардидааст (Каталог лендиков СССР, т. 14, 1971), оварда шудааст.

Дар солҳои охир таҳқиқоти глятсиологии нопурра дар ҳудуди Тоҷикистон асосан дар минтақаҳои кўҳистони Бадахшон гузаронида шудааст ва натиҷаҳои онҳо дар Ахбори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим дар солҳои 2002, 2005, 2008, 2014 ҷамъбаст гардидааст. Дар ахбори таҳиягардида оид ба ҳолати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Камароб маълумот оварда шудааст.

Бо дарназардошти мавҷуд набудани маълумоти навин оид ба пиряхҳои ҳавзаи дарёи Камароб ҳолати ҳозираи онҳо тавассути тасвирҳои моҳворавӣ (Landsat ва Santinel) бо саҳеҳияти то 10-12 м (дар ҳолати моҳи августи соли 2018) арзёбӣ карда шуд ва бо мақсади ба даст овардани маълумоти муқоисавӣ маълумоти дар Феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шўравӣ овардашуда, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дараи Камароб дар қисмати шимолу шарқии қаторкўҳи Каротегин, дар ҳудуди арзи шимолии 39007,37.98,,  -  39013,59.33,,  ва тўли шарқии 70012,02.97,, - 70032,17.48,,  ҷойгир буда, дар қисмати шимол ба қаторкўҳи Зарафшон ва дар ғарб ба қаторкўҳи Ҳисор ҳамсарҳад аст. Баландии амудии дара аз самти ғарб ба самти шарқ меафзояд.

Ҳудуди асосии ҳавзаи дарёи Камароб дар баландиҳои 2000-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Баландии ниҳоии он дар қисмати рости маҷрои дарё (ҳавзаи дарёи Сорбоғ) 4274 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад.

Яхбандӣ дар шакли ҳавзҳо, яхи дохили об ҳамасола зоҳир гардида, дар қаъри поёноби дарё дар давоми 15-20 рўз пайдо мешавад ва аз даҳаи дуюми декабр то даҳаи аввали моҳи феврал идома меёбад. Вобаста ба баландии амудӣ, тамоюли яхбандӣ меафзояд. Масалан, дар баландии 2000 метр раванди яхбандӣ аз охири моҳи ноябр шурўъ гардида, дар аввали моҳи март ба итмом мерасад.

Дар ҳавзаи дарёи Сурхоб масоҳати асосии пиряхҳо дар нишебиҳои кўҳии соҳили рости ин дарё ҷойгир шудаанд ва барои вазидани боди намнок дар самти шарқ, ҷараёни ҳаво қисман намии худро гум мекунад. Чунин ҳолат ба хати фирнавии (хати барфпўши) пиряхҳо таъсир мерасонад.

Баландии хати фирнавӣ дар пиряхҳо тағйирпазир буда, ба нишебии маҳалли ҷойгиршавӣ вобастагӣ дорад. Дар ҳавзаи дарёи Сангикар баландии хати фирнавӣ то 3780 м, дар ҳавзаи дарёи Сорбоғ ва Ярхич то 3880 м ва дар ҳавзаи дарёи Кўксу то 3990 м мерасад. Пиряхҳои қисмати чапи дарёи Сурхоб дар нишебиҳои вазиши шамол, дар шароити ноустувори сарчашмагирӣ мавқеъ доранд, вале хати фирнавӣ дар ин минтақа нисбатан поёнтар, ба ҳисоби миёна дар баландии 3630 м ҷойгир шудааст.

Пиряхҳои ин мавзеъ дар нишебиҳои сарди манзарҳои шимолӣ ҷойгиршудаанд ва ҳолати онҳо ба хусусиятҳои морфологии ин қисмати қаторкўҳ вобастагӣ дорад. Пиряхҳо шакли “овезон” дошта, аз девораҳо иборатандва аз самти болоии нишебӣ ба самти поён равона гардидаанд.

Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии минтақаи баландкўҳ, боришоти солона, градиенти амудӣ ва ҳаҷми боришот афзоиш меёбад. Дар ҳудуди Помиру Олой боришоти солона дар шакли барф дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр 50% ва дар баландии 3000 м тақрибан 70% ташкил дода, дар баландии 4200-4300 м тамоми боришот аз барф иборат аст ва чунин ҳолат барои яхбандӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад.

Ҷадвали 14

Баландии миёнаи дарозмуддатии барф

дар ҳавзаи дарёи Камароб

Баландӣ аз

сатҳи баҳр

   Баландии барф (бомм) дар давоми сол

Декабр

Январ

Феврал

Март

Апрел

Май

  2000

   70

  110

  140

110

  45

 0

  2500

  115

  165

  205

195

  115

 0

  3000

  160

  215

  265

285

  230

 150

  3500

  205

  265

  330

390

  400

 370

Дар ҳудуди ноҳияи Рашт ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон то-270С паст меравад. Тибқи маълумоти географӣ, вобаста ба баландӣ ҳарорати ҳаво дар ҳар як 100 метр 0.730С ва аз рўи хусусиятҳои физикии атмосферӣ 0.60С паст мешавад (ҷадвали 15).

Ҷадвали 15

Градиенти тағйирёбии ҳарорат

Градиенти тағйрёбии

ҳарорат вобаста ба

баландӣ

Баландӣ аз сатҳи баҳр

2000

3000

4000

5000

6000

0.73 (тибқи маълумот-

ҳои географӣ)

  6.5

-0.8

-13.8

-21.1

-28.4

0.6 (тибқи хусусиятҳои

Физикии атмосфера)

  6.5

0.5

-12.5

-18.5

-24.5

Бо дарназардошти чунин қонуният, минтақаи аккумулятсияи (ҷамъшавии) пиряхҳо ба баландиҳои 3800-4000 метр аз сатҳи баҳр рост меояд.

Тибқи Феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шўравӣ, дар ҳавзаи дарёи Сурхоб 534 пирях то 1.0 км2 масоҳат дошта, масоҳати умумии онҳо 393. 3 км2  ташкил медиҳад (Каталог ледников СССР, т. 14, 1971).

Масоҳати асосии пиряхҳо (295.4 км2) дар қисмати шимолии минтақа, дар сарҳади қаторкўҳҳои Олой ва Зарафшон ҷойгир шудааст. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Қаротегин масоҳати пиряхҳо 8.3 км2, дар нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Пётри 1 119.4 км2 ва дар ҳудуди кўҳи Кабудкурум 1.0 км2 –ро ташкил дода, дар ин минтақаҳо пиряхҳои калонҳаҷм мавҷуд нестанд.

Пиряхҳаи ҳавзаи дарёҳои Сангикар ва Сорбоғ дар Атласи пиряхҳои Тоҷикистон (намунаи кории ин Атлас соли 2019 таҳия карда шудааст) тибқи “Дастур оид ба таҳияи Феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шўравӣ” рақамгузорӣ (аз 1 то 217) карда шудаанд.

Дар ҳавзаи дарёи Камароб 15 пирях мавҷуд аст (ҷадвали 17, №№200-215). Аз пиряхҳои №№200-206 шохобҳои дарёи Сорбоғ ва аз пиряхҳои №№207-211 шохоби асосии дарёи Камароб сарчашма мегиранд.  Дар маҷмўъ дар ҳавзаи дарёи Сорбоғ 285 пирях ба қайд гирифта шудааст, ки 114.8 км2 масоҳат доранд ва 217-тои онҳо пиряхҳои хурд мебошанд.

Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Камароб асосан экспозитсияи шимолӣ ва шимолу ғарбӣ дошта, аз рўи намуди морфологӣ ба пиряхҳои водигӣ, овезон ва нишеб мансуб мебошанд.

Чуноне, ки аз ҷадвали 17 бармеояд, дар ҳавзаи дарёи Камароб таназзулёбии пиряхҳо ба чашм мерасад. Муқоисаи маълумотҳои Феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шўравӣ собит менамоянд, ки дар ҳавзаи дарёи Камароб масоҳати яхбандӣ коҳиш ёфтааст ва пиряхҳои №№200-215 амалан аз байн рафтаанд ва масоҳати онҳо 1.522 км2-ро ташкил медиҳад (ҷадвали17).

Таҳоюли коҳишёбии пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Камароб метавонад мувозинати экологиро дар экосистемаҳои кўҳӣ халалдор созад ва ба гуногунии олами набототу ҳайвонот таъсири манфӣ расонад.

Аз китоби “Дараи Камароб”, Душанбе соли 2020