Баргузории ҷаласаи XXXIV-уми Шӯрои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ

Баргузории ҷаласа

25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Боку ҷаласаи XXXIV-уми Шӯрои байидавлатии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ баргузор шуд. Ин ҷаласа дар низоми онлайн доир гардид ва аз интихоби ҷонишини якуми вазири ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон Рафаил Холид уғлӣ Мирзоев ба ҳайси раиси Шӯраи ёдшуда оғоз шуд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳотамшо Латифзода, сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, генерал-майор Ҷамшед Камолзода, сардори раёсати мудофиаи граждании Кумита, полковник Хуршед Вализода, сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, подполковник Илҳом Абдураҳимов ва афсари  Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд А.Азизмуродзода иштирок намуданд.

Аъзои Шӯрои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар, чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии таҳкими иқтидору зарфиятҳои КҲФ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда суханронӣ карданд. Генерал-майор Ҷамшед Камолзода кулли маълумоти таҳлилӣ дар бораи рӯйдодҳои охири Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва барномаи ҳукуматӣ барои коҳиши хатари офатҳоро дар ихтиёри ширкаткунандагони ҷаласа гузошт. 

 Иштирокчиёни ҷаласа натоиҷи фаъолияти худро дар солҳои 2021-2022 ҷамъбаст намуда, тадбирҳо оид ба беҳтар намудани ҳамкорӣ ва ҷадвали санҷишҳои назоратии огоҳии мутақобилаи кишварҳои узви ИДМ дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро муайян намуданд.

Аъзои Шӯро масъалаҳои такмили ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ намуда, маълумотро оид ба рафти иҷрои қарорҳои мақомоти олии Иттиҳод ва Шӯрои байнидавлатӣ шунида, инчунин фаъолияти худро баррасӣ намуданд.    

Илова бар ин, дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои байнидавлатӣ барои соли 2023 таҳия гардид. Иштирокчиёни ҷаласа бо пешниҳоди Арманистон дар бораи баргузории ҷаласаи XXXV Шӯро дар соли 2023 дар Ереван розӣ шуданд.

Дар чорабинӣ лоиҳаи протоколи ҷаласаи XXXIV Шӯрои байидавлатии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ омода карда шуд.

барчасп: