Ширкати генерал Назарзода дар кори 25-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар Иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи Генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ, ки дар шаҳри Абу-Дабии Иморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин ҷаласа намояндагони 54 кишвари олам иштирок намуданд

Дар рафти иҷлосия масъалаҳои зиёд ва муҳими фаъолиятҳои Созмони байналмилалии  мудофиаи гражданӣ ва дастовардҳо дар солҳои охир, аз ҷумла дар самти коҳиши хатари офатҳо ва фалокатҳои техногенӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ дар шароитҳои  ҳолатҳои фавқулодда барарсӣ шуданд.  Аз ҷониби кишварҳои ширкаткунанда низ ҳисоботҳо дар бораи таҷрибаи кории мамолики узв дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода, истифодаи технологияи муосир, системаи огоҳсозии бармаҳал, дастовардҳо дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ, масъалаҳои ҳамокриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳолатҳои фавқулодда ироа гардиданд.  Ҳамчунин дар ин ҳамоиш масъалаҳои интихоби раис ва ҷонишини раиси Созмони байналмилалии  мудофиаи гражданӣ баррасӣ гардид.

Дар доираи сафари худ Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва роҳбари Идораи миллии ҳолаҳои фавқулода, бӯҳронӣ ва рафъи офатҳои табиии Шӯрои олии Амнияти милии Иморати Муттаҳидаи Араб ҷаноби Алӣ Сайид Матар ал-Ниёдӣ Ёддошти ҳусни тафоҳуми ҳамкориҳо дар идораи ҳолатҳои фавқулодда ва вокуниш ба онҳо имзо намуданд.

Илова бар ин, Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид. Ин санадро раиси КҲФ ва сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия ҷаноби Юнус Сезер имзо карданд.

 Раиси Кумита пас аз маросими имзои Ёддошти тафоҳум ба вилояти Дюзджи Ҷумҳурии Туркия сафар карда, бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои заминларзаи 7 баллӣ, ки 23-уми моҳи ноябри соли равон рух дода буд, шинос шуд. 

барчасп: