Дар асоси супориши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии чорабиниҳои КҲФ оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022, рӯзҳои 28-30 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд санҷиши ҳолати омодагии қувваҳо ва воситаҳои минтақа ва машқҳои ҳамаҷонибаи мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали роҳбарияти вилоят, комиссия, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ” дар се марҳила омӯзиш баргузор шуд.
Ҳадафҳои асосии чорабинӣ такмили роҳу усулҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи аҳолӣ, боло бурдани дониш ва малакаи амалии роҳбарият, мақомот ва қувваҳои ноҳия дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ ё садамаҳои техногенӣ мебошад.
Омӯзишҳо ва тармимҳои маҷмӯӣ дар ноҳияи Мстчоҳи вилояти Суғд идома доранд.