Як мошини боркаши тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», ки аз ноҳияи Лахш ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба дарёи Сурхоб сарозер шудааст. Ин мошин мутааллиф ба як сокини ноҳияи Ҳисор буд ва аз сабаби идора карда натавонистани ронанда ба фалоакат дучор шудааст.
Бино ба хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, ин ҳодиса нимишабии рӯзи 24-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 00:00 дар қаламрави деҳаи Ялдамичи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт рух додааст.
Рондада ва мусофири мошин худро аз ғарқоб наҷот додаву ба соҳил расидаанд. Вале 25 сар моли хурд ба ҳалокат расида, як тонна меваи дохили мошин нобуд шудааст.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Рашт ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти наҷот мошинро аз дарё берун кашиданд.