Соати 10:05 дақиқаи рӯзи 10-уми ноябр аз як садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ хабар расид. Вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум шуд, ки мошини тамғаи «MUSSO» , ки аз ҷониби як сокини 32-солаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд идора мешуд, ба ҷарии 300 метр сарозер шудааст.
Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд равон буд ва гуфта мешавад, ки ронанда натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд.
Бар асари ин ҳодиса ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Наҷотдиҳандагони Кумита бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ аз ҷарӣ ҷасади ба хун оғӯштаи ронандаро боло оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо бо суръати баланд ронандагӣ накунанд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳамеша гарави дур мондан аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Худи ҳамин рӯз ба Қисми навбатдории Кумита навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки ҳамсояҳо аз хонаи 22/9 маҳаллаи Зарафшони пойтахт дар бораи муддатҳо аз хона берун нашудани як ҳамсояи худ дар ташвишанд.
Бино ба гуфтаи онҳо чор рӯз аст, ки аз ин хона садои мусиқӣ баланд мешавад, вале ҳарчанд дар мекӯбанд, касе посух намедиҳад.
Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуданд. Онҳо бо иштироки ҳамсояҳои шоҳид ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд. Чун вориди хона шуданд, соҳибхонаро фавтида ёфтанд.
Сабаби марги ин марди 52-сола, ки он замон дар хона танҳо будааст, маълум нест. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷасадро барои ташхис бо худ бурданд.