Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр бар асари идомаи боронҳои шадид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад. Ҳамчунин эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ маслиҳат нест.
Кумита ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Касоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хуб мебуд агар равуои худро дар шомгаҳон ва ҳавои торик маҳдуд мекарданд.
Риояи ҳама гуна қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла риояи фосилаи байни мошинҳо ҳангоми ҳаракат ва боло набурдани суръати ҳаракат гарави аслии бехатариву амният аст.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.