Маркази заминларзаи рӯзи гузашта Афғонистон буд

7 ноябр тахминан соати 08:27 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии кишвар маркази он 270 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Хоруғ қувваи он 2-3 балл буд.

Талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар нест. 

барчасп: