Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз машқҳои фармондеҳию ситодиро дар мавзӯи: «Амалии ҳайати роҳбарикунанда ва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода” гузарониданд.
Машқҳо ба таҳияи алгоритми амалҳо дар рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, яъне омодасозии аҳолӣ, гузаронидани корҳои наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир, зуд барқарор намудани фаъолияти иншооти зарурии коммуналӣ, таъмини устувории фаъолияти ташкилотхо, таъмини тайёрии доимии кувваю воситахо нигаронида шуда буд.
Мақсад аз баргузории машқҳои фармондеҳию ситодӣ муайян намудани сатҳи омодагии роҳбарони хадамоти гуногун барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ, ҷузъу томҳо дар корҳои хушсифати наҷотдиҳии фаврӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Дар ин тамринот, ки дар се марҳила сурат гирифт, масъалаҳои омодагии сохторҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувва ва воситаҳо ҳангоми сел, заминларза ва эвакуатсияи аҳолии деҳаҳои ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.