Се хабар аз фаъолиятҳои рӯзи гузашта

Рӯзи гузашта, 5-уми августи соли 2022, соати  16:25 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар манзили истиқоматии як сокини кӯчаи Испечак 15/3 об пур шуда, аз ошёнаи сеюм ба ошёнаи дуюм шорида, хонаи ҳамсояро хароб кардааст.

Бо дарёфти ин хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд. Маълум шуд,ки ин як бинои 7-ошёна буда, дар манзиле, ки ин ҳодиса рух додааст, касе зиндагӣ намекунад.

Имдодгарон фавран даст ба амал зада, ҳолати садамавиро дар хати интиқоли обро бартараф намуданд ва ҳамзамон хонаи ҳамсояро низ аз хавфи харобии бештар наҷот доданд. 

Ҳамчунин соати 18:00 дақиқаи рўзи 05 август хабар дода шуд, ки  дар ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон бинои 22, дар назди Маркази саломатии шаҳрии №14, дар зери вагон саге дар мондааст. Имдодгарон соати 18:05 ба ҷойи ҳодиса расида, бо эҳтиёт сагро аз зери вагон берун оварданд.

Дар бораи муроҷиати шаҳрванд Саъдӣ Ворисов барои рафъи хатари як шохи бузурги дарахти чинор дирӯз хабар дода будем ва муфассалтар онро аз ин ҷо бихонед: ТАШАККУР КҲФ!

барчасп: