ТАШАККУР КҲФ!

ТАШАККУР КҲФ

Номаи сипоси гурӯҳе аз сокиони кӯчаи ба номи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳамин чанд лаҳза пештар расид. Сокинон аз вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як арзашон дар мавриди бартараф кардани хатари эҳтимолии шохаи чинор дар  маҳалли зисташон изҳори ташаккур мекарданд. Инак нома:

Сипоси фаровон аз Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи мамлакат, Раёсати КҲФ-и н. Сино, сухангӯи фаъоли КҲФ ва кормандони муҳтарами ин ниҳод, ки ба муроҷиати мо вокуниши фаврӣ, касбӣ ва ҳирфаӣ карданд. Дар муддати кӯтоҳ як хатари эҳтимолӣ, ки иборат аз шохи чанори овезон болои сари роҳгузарону кӯдакони маҳаллаи мо буд ва ҳар лаҳза хатари афтидану осеб расониданро дошт, бартараф намуданд.

Ончӣ мавриди қайд аст, пайгирии масулони иҷроии ин ниҳод аст, ки ҳар кадом алоҳида тамос гирифта, бо ахлоқи баланду бархурди мутафовит, рафти иҷро ва амалишавии дархости моро пайгирӣ намуданд.

Хатар бартараф шуд ва акнун кӯдакони мо бо хотири осуда берун баромада бозӣ мекунанд.

Сипос аз ҳамаи Шумо муҳтарам масъулону кормандони КҲФ. Ифтихоред!

Номаи дархости ума субҳи имрӯз расида буд.


Ба Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ.

Муҳтарам генерал Рустам Назарзода!

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар кучаи мо: Алишер Навоӣ 13/2, баъди корҳои ба тартибдарории дарахтҳои гирду атроф ва буридани шоху панҷаҳои зиёдатӣ, муатаассифона як шохи буридашудаи дарахти чанор овезон боқӣ мондааст, ки дар сурати афтодан, метавонад боиси маргу мир ё ҳадди ақал захмӣ шудани одамон гардад.

Яке аз чунин шохҳо дар болои роҳи одамгузар овезон аст, ки ҷойи бозии кӯдакони мо низ мебошад. Агарчӣ ҳар рӯз ба фарзандон гӯшзад мекунем, ки аз шохи овезон эҳтиёт бошанд, аммо ҳамеша диламон хавотир аст, ки мабодо наафтаду боиси ҳодисаи нохуш гардад. Ин хатар, на танҳо барои кӯдакони мо, балки барои роҳгузарон ва ҳатто воситаҳои нақлиёт низ ҳаст чун дар болои роҳ аст. Аз ин рӯ, аз Шумо бо эҳтиромон хоҳиш менамоем, ки дар бартараф кардани ин таҳдиди эҳтимолӣ ба ҷону саломатӣ ва дороии шаҳрвандон, мусоидат намоед.

Сипоси пешакӣ.

Бо эҳтиром,

Саъдӣ Ворисов,

истиқоматкунандаи бинои А.Навоӣ 13/2, х. 19.

Мо низ шодем, ки як хатари эҳтимолӣ бартараф шуд ва ҳоло сокинони итминон доранд, ки фарзандонашон метавонанд бо дили пур бозӣ кунанд, гаштугузор намоянд.

барчасп: