Наҷоти ду духтари ҷавон аз ҷониби як марди 36-сола дар оби Элок

Як сокини 36-солаи деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷасорат ва талоши камназир ҷони ду бонуи ҷавонро аз хатари ғарқ шудан дар оби рӯди Элок наҷот додааст. Ин ҷавонмард, ки аз ӯ Алиҷон Тоҷибоев ном бурда мешавад, рӯзи гузашта ҳангоми сайругашт дар соҳили Элок чашмаш ба ҷавондухтароне меафтад, ки дар об ғарқ мешуданд

Ӯ фурсатро аз даст надода, ба зудӣ худро ба об ҳаво медиҳад ва аввал яке ва баъд дуюмиро наҷот медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 19-уми июн рух дод. Ду ҷавондухтар, сокинони деҳаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке 21-сола ва дуюмӣ 17-сола буданд, дар соҳилҳои Элок сайр мекарданд.

Замоне, ки лаби дарё нишаставу саргарми суҳбат буданд, об кафшҳои пояшонро мебарад. Онҳо, ки шиноварӣ ҳам наметаовнистанд, барои ба даст овардани пойафзолашон вориди об шуданд. Маҷро онҳоро бо худ бурд.

Аз қазо Алиҷон Тоҷибоев пайдо шуд ва ин ду нафарро наҷот дод. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад, ки шиноварӣ надониста вориди обҳои тезҷараён нашавед. Риояи қоидаҳои оббозӣ гарави амнияту бехатарии шумост!

барчасп: