Бино ба маълумоти сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 22-солаи деҳаи Фалакони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст ва бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои дурӯза иттилое аз пайдо шудани ҷасад нарасидааст.
Ин ҷавони 22-сола рӯзи 19-уми июн аз хона ба қасди моҳигирӣ баромада ва ба самти дарёи Кофарниҳон ҳаракат кардааст. Шаҳрванд аз соҳил ба соҳили муқобил гузаштаву машғули моҳидорӣ шудааст.
Соати тахминан 14:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ баъди анҷоми моҳидорӣ дубора хостааст ба соҳили аввала баргардад ва ба хонааш раҳсипор шавад. Ӯ хуб шино кардаву қариб ба соҳил расидааст, аммо дар масофаи ду метр бо мавзеъи аввал дар об ғарқ шудааст.
Сабаби ногаҳон ғарқ шудани ҷавон маълум нест. Эҳтимолан хаста шудаву қуввати муқовимат ба ҷараёни тунди обро накардааст.
Дирӯз ҷустуҷӯи ҷасади марҳум то соати 20:10 дақиқа идома дошт ва баъди фаро расидани торикӣ имдодагрон корҳои ҷустуҷӯро қатъ карданд. Аммо аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд.