17 – уми июни соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт ва Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин вохӯрӣ ду масъала: ҷараёни иҷрои “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин дидору мулоқотҳо муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну м аросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.К.Олимзода, сардори Раёсати танзими оину анъанаҳои назди Ҳукумати ҶТ Х. Шокиров, ҳамчунин кормандони Кумита А.Бурхониддин ва Юсупов Ш. иштирок намуданд.
Намояндагони Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун як санади таърихӣ, далели сохибихтиёрии кишвар маънидод карданд ва изҳор доштанд,ки риояи он ҳамеша ба нафъи сокинони кишвар аст.
Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.К.Олимзода зимни суханронии худ ҷанбаҳои ин қонунро шарҳ дод ва ба муҳим будани нақши зан дар риояи минбаъдаи ин қонун таъкид кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни меҳмонон ва кормандони Кумита дар доираи мавзӯъҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.