Вокуниши фаврӣ: Кумаки КҲФ ба деҳаи офатрасидаи Ғажне ва хонаводаи осебдидаи он. Дар Ғажне чӣ гузашт?

Дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси назоратии рўзи 14 июни соли 2022  гурўҳи корӣ дар ҳайати мутахассисони Кумита ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита полковник Ҷамшед Камолов  ба мавзеъи осебдидаи деҳаи Ғажне, ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб, ки  санаи 13 июни соли  ҷорӣ дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидааст, эъзом шуданд.

Санҷиш нишон дод, ки борони шадид ва жолаи рӯзи 13-уми июни соли равон боиси омадани сел дар деҳаи Ғажнеи ҷамоати Варзоб-Қалъа шуд. Оби зиёд аз доманакӯҳҳо сарозер гардид ва 1 хонаи истиқоматиро пурра хароб кард. Ба 4 иншооти ёрирасон ва 5 замини наздиҳавлигии сокинони деҳа лойю қуму сангу шағал овард ва зарар расонд. 

Мавриди зикр аст, ки сабаби асосии офати табиӣ ин набудани селроҳаҳо аз доманакуҳҳо мебошанд. Як селроҳае, ки аз байни ҳавлиҳои истиқоматкунандагони деҳаи мазкур мегузарад, бардошти ҳаҷми селовардҳоро накардааст.

    Инчунин тақрибан  800 метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, хатҳои интиқоли барқ ва тахминан 150 метр соҳилҳои дарёи Оби пиёздор корношоям гардидаанд, ҳудудан 50 хонавода дар рустои Ғажне зери таҳдиди сел қарор доранд. 

Барои бартараф намудан ва дигар намудани маҷрои сел як адад техника  борбардор сафарбар шуда, тақрибан 180 метр роҳи маҳаллӣ тоза ва барқарор карда шудааст. Корҳои рафъи офати табиӣ бо ҷалби аҳолӣ идома дорад.

Айни замон, сокинони хонаҳои зарардида муваққатан  ба ҷойҳои бехавф, ба манзили хешовандошон кӯчонида шудаанд.

Дар доираи тадбирҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ бо аҳолии деҳа дар мавриди кумак барои роҳандозии корҳои соҳилбандӣ дар масофаи ҳудудан 200 метр соҳили дарёи Оби пиёздор суҳбатҳо гузаронида шуданд. Сокинон омодагии худро барои бо ҳашар бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ эълон карданд.

Тибқи дастури Раиси Кумита аз ҳисоби захираҳои фаврии Раёсати моддӣ-техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва гузаронидани корҳои фаврии соҳилбандӣ дар ин мавзеъ 2 тонна семент ва барои расонидани кумак ба як оилаи пурра зарардида 1 маҷмуъ маводи ғайрихурока (6 адад матрас, 6 адад болишт, 6 адад кампал, 6 адад ҷиҳози хоб) ва 1 маҷмӯи бастаи беҳдоштӣ ҷудо карда шуд.

Бо супориши Раиси ҳукумати ноҳия Шерализода М.У. барои бартарафсозии оқибати офати табиӣ қувва ва воситаҳои Зернизоми ҳудудии ноҳиявӣ сафарбар гардида, ба як оилаи пурра зарардида кумак бо маводи хурока (5 литр равғани рустанӣ, 2 кило қанди сафед, 2 кило чой, 50 кило орд, 3 кило макарон, 2 кило шакар, 2 кило биринҷ, 6 кило картошка, 5 кило пиёз) ва барои тоза намудани роҳу ҳавлиҳои истиқоматкунандагон сузишворӣ ва техника (техникаи борбардор ва мошини боркаш) ҷудо карда шуд.

Раиси ноҳия Шерализода М.У. аз роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вокуниши фаврӣ, кумаку дастгирӣ ва мусоидат барои бартараф намудани паёмадҳои офати таиӣ изҳори сипос намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷои ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ҷиҳати муайянсозии ҳаҷми зарари расида ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ фаъолият дорад.

 

Ҷамшед Камолов, Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, полковник 

барчасп: