Борони шадиду селҳои шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар аз омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф ва шамоли сахт хабарҳо расиданд.

Чунончӣ, 16-уми июни соли 2022 боронҳои шадид дар қаламрави деҳаҳои Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғурфкати ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Масчои Кӯҳии вилояти Суғд сабаби омадани сел шуд. дар натиҷаи ин офат заминҳои икшт зарар диданд, лойқа роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллиро пӯшонд.

Бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуданд.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

15 июни соли 2022  наздик ба соати 22:30 дақиқа шамоли сахт дар қаламрави деҳаи Пилдон ва Чубайи ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш боми 10 хонаи истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон ва сақфи бинои мактаби таҳсилоти умумиро қисман канд.

Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт.

Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад.

Кори бартараф намудани оқибатхои офати табиӣ давом дорад. Ба кор тамоми қувваю воситаҳои зарурй ҷалб карда шудаанд. Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда мизони зарари арсидаро муайн мекунанд.

Вазъ зери назорати доимии роҳбарияти Кумита қарор дорад.

барчасп: