Шабонарӯзи бе офатҳои табииву техногенӣ. Вале аз ғарқи об шудани шаҳрвандон гузоришҳо расиданд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ сабт нашуд. Вале мутаассифона боз ҳам аз рухдоди нохӯше чун ғарқи об шудани шаҳрвандон гузоришҳо расиданд.

14-уми июни соли равон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ як сокини 19-солаи шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ғарқ шуд. 

Баъди дарёфти хабари нохӯш дастаи ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Ҷустуҷӯ то соати 20:30 дақиқа, яъне то фаро расидани торикӣ идома дошт, аммо бенатиҷа.

Субҳи имрӯз, 15-уми июн амалиёти ҷустуҷӯи ғарқшуда аз сар гирифта шуд ва ҳоло идома дорад. 

15 июни соли 2022 тахминан соати 05:45 дар соҳили обанбори сунъӣ дар қаламрави шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷасади як писарбача дида шуд. Маълум гардид, ки ӯ сокини шаҳри Бӯстон буда, рӯзи 14-уми июни соли равон аз беназоратии падару модар дар ин обанбор ғарқ шуда будааст.    

14 – уми июни соли 2022 тахминан соати 18:52 неруҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Панҷ, дар наздикии деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ҷасади духтари ба тахмин 15-20-соларо пайдо карданд. 

Ташхис нишон дод, ки ӯ як духтари 20-сола, сокини шаҳри Хоруғ будааст, ки рӯзи 6-уми июн аз хона берун рафта, дигар барнагаштааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба садамаҳои минбаъда дар махзанҳои об, борҳо ба сокинони кишвар муроҷиат кардааст, ки эҳтиёт кунанд.

Рафтани кӯдакону наврасон бе раҳнамоии калонсолон хатарҳои ғарқ шудан дар обро афзун мекунанд. Волидон бояд ҳатман фарзандонашонро беназорат нагузоранд.

Оббозӣ барои касоне, ки шиноварӣ наметавонанд, хатари дигар дорад. Ин гуна афрод хуб мешавад агар вориди об ҳам мешаванд, аз соҳилҳо дур нараванд.

Ри ояи қодиҳои шиноварӣ ва оббозӣ дар маконҳое, ки иҷозат дода шудааст, аз шартҳои аввали таъмини амнияту бехатарии истироҳаткунандагон аст. 

барчасп: