Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба ҷуз аз шарқи Бадахшони Кӯҳӣ боронҳои шадид дар назар аст. Ин боронҳо метавонанд боиси омадани сел дар минтақаҳо гарданд.
Илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу лағзиши тарма вуҷуд дорад. Раъду барқ ҳам метавонад як хатари дигар барои аҳолӣ бошад.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки ҳангоми истироҳат дар соҳили кӯлу дарёву обанборҳо эҳтиёт кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.