Замин ларзид. Институти геология маркази онро Афғонистон гуфт

Соати 12:35 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Институти геология ва сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Бино ба хабари манбаъ маркази зилзила 280 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистони ҳамсоя буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷониву хисороти дигар гузориш нарасидааст. 

барчасп: