Хабарҳои рӯзи гузашта: Сел дар ноҳияи Варзоб, худкушии ҷавонзане бо тифли яксолааш дар Язгулом

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июни соли 2022 дар деҳаи Ғажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб бинобар сабаби боридани борони зиёд дар километри 32-юм лойқа ва сангу шағал фаромада, муваққатан  роҳ баста гардид.

Борони шадид ҳамчунин ба 4 ҳавлӣ лойқа ворид намуд. Сокинони ин ҳавлиҳо муваққатан ба ҷойи амн кӯчанда шуданд. 

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офат ва дигар намудани маҷрои сел як адад техникаи маҳалӣ сафарбар шуда, тақрибан 120 метр селроҳа тоза ва барқарор карда шуд.

 Корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома дорад.

Ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт.

****    ****    ****

Рӯзи 13 – уми июни соли 2022, соати 17:30 дақиқа як хонуми ҷавон, сокини кӯчаи Бӯстонсаройи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада хабар дод, ки писараки шашсолаи ӯ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.

Бо дарёфти хабар кормандони наҷот ва ғаввосони Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Дар айни замон имдодагрон ба корҳои ҷустуҷӯӣ идома медиҳанд.

****    ****    ****

Ҳамчунин 13-уми июни соли равон як зани 20-сола сокини деҳаи Будуни ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ худ ва писари яксолаашро ба дарёи Язгулом ғарқ кардааст.

Сабаби ин худкушӣ маълум нест.

Худи ҳамон рӯз соати 12:10 дақиқа ҷасади ҷавонзан пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Ҷустуҷӯи тифлаки яксола идома дорад.

барчасп: