Пайдо кардани ду ҷасад дар обҳои қаламрави Хатлон, ки яке ҳамагӣ 13 сол дошт

ду ҷасад дар обҳои қаламрави Хатлон

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи 7-уми июни соли равон тахминан соати 13:45 дақиқа кормандони фурудгоҳи шаҳри Бохтар аз рӯи об намудор шудани ҷасади як духтар дар қаламрави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён хабар доданд.

Дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва ҷасадро аз об бароварда, ба сохторҳои дахлдор супориданд.

Маълум гардид, ки марҳум сокини шаҳри Левакант кӯчаи М.Турсунзода, хонандаи синфи 6-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 буда, ҳамагӣ 13 сол доштааст.

Бино ба маълумоти расида ин духтари ноболиғ рӯзи 1-уми июн дар оби дарёи Вахш дар ҳудуди шаҳри Левакант, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Нурафшон ғарқ шуда буд.

Сабаби марги духтари ноболиғ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад. 

Ҳамчунин рӯзе қабл аз ногаҳон нопадид шудани як сокини 51-солаи деҳаи Сари Роҳи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ хабар расида буд. Баъди пурсуҷӯи шоҳидон ва роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ сару либоси ӯро дар соҳили канали Қумсангир, дар мавзеъи ноҳияи Ҷ. Балхӣ пайдо намуданд.

Рўзӣ 07.06.2022 сол, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷуӣ - кофтуковӣ аз ҷониби нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва Дастаи  махсуси зудамали  наҷоти  Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ҷасади номбурдаро 1500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва ба хешовандонаш супурданд.

Сабаби марги марҳум маълум нест.

барчасп: