Чанд мулоқоти генерал Назарзода бо ширкаткунандагони Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Рустам Назарзода

Дар ҳошияи “Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гнерал-полковники милитсия Рустам Назарзода рӯзҳои 6-7 июни соли равон бо як қатор ширкаткунандагони конфронс мулоқот намуд.

Аз ҷумла, Р. Назарзода бо Сарвари Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо ҷаноби О.Бивал ва Фиристодаи вижаи Падшоҳии Нидерландия оид ба масъалаҳои захираҳои обӣ ҷаноби Х.Овинком вохӯрд.

Зимни вохӯрӣ роҳбари Кумита барои фаъолияти муштарак ва саҳмгузорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.

Дар навбати худ меҳмонони воломақом ҳамкориҳои пайваста ва ҳамешагӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ карданд.  

Дар поёни ин дидору мулоқотҳо тавофуқоте дар заминаи кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ташкили давраҳои омӯзишӣ, бозомӯзии кормандон, беҳтар кардани сатҳи иттилоънокии идораи наҷоти кишвар ба даст омад.

барчасп: