Рӯзи шанбеи гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин ҳамоиш дар мавриди ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.
Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлимро Петтери Таалас - Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускори тадбирҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об ҳамчун роҳбари кишвари мизбон нахуст ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барор орзу карданд.
Сарвари давлат аз таваҷҷуҳи Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати таҳия ва татбиқи амалҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки дар ҳамоиши имрӯза мо Нақшаи амали худро тасдиқ хоҳем кард ва татбиқи он дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.
Таъкид гардид, ки Конфронси Душанбе низ, ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси соли 2023, ҳамбастагии зичи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор хоҳад дод.
Матни комили суханронии Пешвои миллат ин ҷост:
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим
МАНБАЪ: Сомонаи Президенти ҶТ