Марги боз ду нафар дар обҳои кишвар. Яке ноболиғ буду моҳидорӣ мекард, дуюмӣ Норак истироҳат омада буд

Як сокини 30-солаи деҳаи Носирбобои ҷамоати деҳоти Сарчашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин, ки барои истироҳат ба шаҳри Норак омада будааст, ҳангоми шиноварӣ дар Карери -9-ум аз беэҳтиётӣ  ғарқ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 5-уми май тахминан соатҳои 11:32 дақиқа рух додааст.

Баъди дарёфти хабари ин фоҷеа кормандони имдоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса эъзом шуданд.

Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ғаввосон ҷасади марҳумро соати 14:30 дақиқа аз дохили обанбор пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

*****    *****    *****

Ҳамчунин рӯзи гузашта як сокини 16-солаи ҷамоати шаҳраки Ғарм кӯчаи С. Айнӣ дар рӯди Сурхоб ғарқ шудааст. Бино ба нақли шоҳидон номбурда моҳидорӣ мекардааст ва аз беэҳтиётӣ дар об сарозер шудааст.

Баъд дарёфти хабари мазкур имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ғарм ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Ҳамроҳ бо сокинон корҳои ҷустуҷиро ба роҳ монданд ва соати 19:40 дақиқа ҷасади ноболиғ аз рӯди Сурхоб пайдо ва онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

барчасп: