Ҳисоботи ахири Созмони ҷаҳонии ҳавошиносии (СҶҲ) СММ баёнгари он аст, ки тағйири иқлим беш аз ҳар вақти дигар ба зиндагии инсон таъсир мерасонад. Ин созмон ахиран эълон кард, ки соли 2021 болоравии сатҳи оби уқёнуси олам ва ба ҳаво партоб шудани газҳои гулхонаӣ ба ҳадди рекордӣ расид.
Дар ҳисоботи солонаи ин созмон ҳамчунин омадааст, ки соли 2021 як соли рекордӣ барои афзоиши сатҳи оби баҳру уқёнусҳо, гарм шудани он ва соли бештар шудани партоби газҳои гулхонаӣ дар атмосфера буд.
Ин созмон дар ҳисоботи ёдшуда ба он таъкид кардааст, ки уқёнусҳои ҷаҳон дар соли 2021аз назари дамо ва шӯрӣ ба болотарин сатҳ аз замони рекордҳо расида ва сатҳи онҳо ба далели об шудани яхҳои қутбӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст.
Бино ба назари таҳлилгарони Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ин ҳама бидуни шак аз таъсири инсон ба иқлим аст, ки паёмадҳои он метавонад хеле фоҷеабор бошад. Дигаргуниҳои харобиовари табиӣ, ки мо ҳамарӯза бо он рӯбарӯ ҳастем метавонанд ҷонҳои зиёди одамонро гиранд ва миллиардҳои доллар зарар расонанд.
“Иқлим пеши чашмонамон ба шиддат тағйир меёбад ва ҳавои зуд тағйирёбанда ба ҳаёти ҳамарӯзаи мо таъсир мерасонад,-мегӯяд Дабири кулли СҶҲ профессор Петтери Таалас.-Мо шоҳиди хушксолиҳо дар Сомалӣ, Африқои Ҷанубӣ ҳастем, шоҳидони обхезиҳо дар ин минтақа будем, ҳоло бошад Ҳинд ва Покистонро гармои шадид фаро гирифтааст”.
Болороавии сатҳи оби баҳрҳо дар соли 2021 низ ба ҳадди рекордии худ расид. Дар қиёс ба соли 1993 он аз ҳисоби об шудани пиряхҳо10 см баланд шуд. Ва ин хатари тӯфонҳо ва сиклонҳоро бештар мекунад ва ҳаёти миллионҳо нафар сокинони соҳилҳоро зери хатар мегузорад. Обҳо дар уқёнусу баҳрҳо бештар аз ҳар вақти дигар шӯртар мешаванд.
Донишмандон мегӯянд ин таҳдиде барои намудҳои гуногуни нармбаданҳои марҷонӣ ва садафсоз аст, дар навбати худ метавонад занҷираҳои ғизоиро бишканад, экосистемаҳои соҳилиро нобуд созад ва ба градишгарӣ, ки манбаъи аслии даромади бисёре аз кишварҳо аст, зарба бизанад.
Да ин ҳисобот қайд шудааст, ки болоравии сатҳи CO2 ва дигар газҳои гулхонаии зараровар, аз ҷумла метан дар соли 2021 ба ҳадди рекордии худ расид. Масалан, диоксиди карбон ҳоло дар фазо 50% бештар аз замони то саноатӣ мебошад.
Дамои миёна низ 1,1 дараҷа дар қиёс ба замони оғози инқилоби саноатӣ афзудаву он ҳамвора рӯ ба афзоиш мебошад.
Ғайр аз ин СҶҲ дар бораи гармои бесобиқаи соли 2021 дар ғарби ИМА ва Баҳри Миёназамин, обхезиҳои харобкор дар Чин ва Аврупои Ғарбӣ ва боронҳои пуршиддате, ки қабати яхро дар Гренландия об карданд, ёдовар шудааст. Хатаре низ вуҷуд дорад, ки инак чорумин сол аст, ки дар Африқо аслан борон намеборад ва ин қора ба хушксолиҳои шадид зарфи 40 соли охир рӯбарӯ мегардад.