16 майи соли 2022 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар маросими ифтитоҳи анбори маҳсулоти ғайриозуқаӣ барои ахолие, ки дар ноҳияҳои сарҳаддии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагй мекунанд ва эҳтимол дорад дар офатҳои табиӣ зарар бинанд, ширкат намуд. Ин анбор дар ҳудуди Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.
Ин анбор дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва эътино” миёни Кумита, Сафорати Ҷопон дар ҶТ ва Барномаи Рушди СММ сохта шуд.
Дар маросим ҳамчунин Намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аики, раиси ВМКБ Алишери Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, роҳбарон ва намояндагони як қатор ташкилотҳои байналхалқии муқими кишвари мо иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, роҳбари Кумита ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ изҳори сипос намуд. Номбурда зикр кард, ки ин дувумин анборест, ки дар қаламрави кишвари мо бунёд ёфтааст. Тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ба аҳолии ниёзманд нигаронида шудааст.
Намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аики зимни суханрониҳои худ изҳор доштанд, ки ҳамкориҳоро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома хоҳанд дод.
Маврид ба зикр аст, ки анбор имкон медиҳад дар сурати рӯй додани офати табиӣ ва ё дигар ҳолати фавқулодда ба одамоне, ки хонаю амволи худро аз даст медиҳанд, кумаки фаврӣ расонда шавад. Интиқоли ҳар гуна ёриҳои аввалиндараҷа дар сурати вуқуъи ин ё он ҳодиса аз ҷойи дигар мушкил ва вақти зиёд мехоҳад. Аммо мавҷудияти чунин анборҳои эҳтиётӣ то ҳадде ин мушкилро осон месозад. Дар анбор кулли лавозимоти зарурии ниёзи аввал, аз ҷумла бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои обгириву ғизопазӣ, косаву табақҳо, болишту кӯрпаву кӯрпачаҳо ва маҷмаъаҳои дигари ошхонаӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар умум 60 номгӯй лавозимоти зарурии ниёзи аввал барои 150 оила дар ин анбор ҷо дода шудааст, ки 60% он барои кӯдакону наврасон мебошанд.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба муҳити зист лоиҳаи бунёди паноҳгоҳи муваққатӣ барои зарардидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ муаррифӣ гардид.
Мувофиқи лоиҳа сохтмон бояд моҳи май соли оянда анҷом ёбад. Ин панҷумин паноҳгоҳи муваққатӣ хоҳад буд, ки дар минтақаҳои махсусан хавфнок аз офати табиӣ, ҳудуди кишвари мо сохта мешавад. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.