Ҳалокат ё ҳамлаи коллексионерон

30 январи соли 1979 ҳавопаймои Boeing 707-323C мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Varig Brazilian аз Токио парвоз кард ва баъди тахминан камтар аз як соат нопадид шуд. Халабони ин ҳавопаймо баъди 22 дақиқаи парвоз охирин маротиба бо замин иртибот гирифт ва баъдан алоқа гум шуд.

Бонги хатари нопадид шудани лайнер зада шуд, ҷустуҷӯҳои беҳосил муддати 8 соат идома карданд, вале чун дар ҳодисаи Star Tiger ин ҳама бенатиҷа буд. Ин ҳавопаймо асарҳои нодири наққоши маъруф Манабу Маберо мебурд, ки 1,2 миллион доллар арзиш доштанд.

Аз он ки ҳеч маълумоти дақиқ дар бораи сабабҳои суқут ё нопадид шудани ҳавопаймо эълон нашуда буд, фарзияҳои дигар пеш омаданд. Аз ҷумлаи ин фарзияҳо ҳамлаи коллексионероне буд, ки ҳамвора пушти ба даст овардани асарҳои Манабу мегаштанд. Вале бо гузашти даҳсолаҳо ин асарҳои наққошӣ дигар ҷойе пайдо нашуданд, аз вуҷуди худ дарак надоданд ва табиист, ки ин фарзия худ аз худ аз миён рафт. Аммо фарзияҳои дигар ҳам буданд. Тахмин мерафт, ки ин ҳавопаймо тасодуфан ва ё ғайритасодуфӣ ба фазои Иттиҳоди Шӯравӣ ворид шуд ва аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар сарнагун карда шуд. 

Тибқи як фарзияи дигар ин ҳавопаймо гӯё қисмҳои ҷангандаи МиГ-25-ро, ки халабони фирории рус Виктор Беленко ба Ҷопон бурда буд, интиқол медод. Аммо ин воқеъият, ки ин МиГ ҳанӯз соли 1976 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргардонида шуда буд, дигар ба шоеапароканиҳо таъсире надошт. 

Таҳияи Б.Шафеъ.

барчасп: