“Вилгелм Густлофф» (олмонии Wilhelm Gustloff) як киштии мусофирбарии Олмон буд, ки дар охирин рӯзҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аниқтараш 30-уми январи соли 1945 дар ҳоли тахлияи муҳоҷирин ғайринизомӣ, сарбозон ва персонали зеридарёии артиши Олмони фашистӣ мавриди ҳамлаи 3 торпедои русӣ қарор гирифт ва ғарқ шуд. Дар ин рӯйдод тибқи омори расмӣ наздик ба 6400 нафар ҷони худро аз даст доданд. Вале арқоми ғайрирасмӣ шумори кушташудагони ин фоҷеаро зиёдтар ба қалам додаанд.
Ин киштӣ бори аввал 5 майи соли 1937 вориди об шуда буд ва дар маросими аввалин шинои он шахсан худи Адолф Ҳитлер ширкат кард. Киштӣ ба номи фаъоли ҳизби миллигарои Швейтсария, ки соли 1936 аз ҷониби Давид Франкфурти яҳудӣ кушта шуда буд, номгузорӣ шуд. То аввали Ҷанги ҷаҳонии дуюм чун истироҳатгоҳи шиновар истифода мешуд. Соҳилҳои Аврупоро дар умум 50 маротиба давр задааст.
Моҳи сентябри соли 1939 ин киштӣ ба ҳарбиён вогузор шуд ва онҳо дар он як бемористони шиновар иборат аз 500 кат сохтанд ва дар замони ҷанги Олмон ва Лаҳистон ҳамин вазифаи бемористонро иҷро мекард.
Соли 1940 он ба бошгоҳи шиновари сарбозону афсарон табдил дода шуд. Чун киштии омӯзишии двизияи дуюми шинои зериобии флоти ҳарбӣ-баҳрӣ дар бандари Готенҳафен истифода шуд.
Александ Маринеско (1913-1963)
30-уми январи соли 1945 дар соҳилҳои Лаҳистон баъди як тирандозӣ аз ҷониби киштии зериобии Шӯравӣ С-13 таҳти фармондеҳии А.И.Маринесно (капитани дараҷаи 3, фармондеҳи зердарёии С-13, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки солҳои 1913-1963 зистааст) дар об ғарқ шуд. Омори расмӣ аз ҳалокати 5348 нафар мегӯяд, аммо муаррихону таҳлилагароне, ки ин ҳодисаро аз оғоз то анҷом омӯхтаанд, аз марги 9985 нафар хабар медиҳанд, ки 5 ҳазори онҳо тифлон буданд.
Аммо бино ба ин арзёбиҳо ҳамон лаҳзае, ки киштӣ ҳадаф қарор гирифт, мебоист 10 582 нафар дар он сафар медоштанд: 918 нафари онҳо курсантони гурӯҳи хурд аз двизияи киштиҳои зериобӣ буданд, 173 нафар ҳайати экипаж, 373 нафар занон ҳам аз ҷумлаи персоналҳои кумакрасон, 162 ҳарбиёни шадидан захмӣ ва 8956 нафар паноҳандагон, ки асосан занону кӯдакон ва пирони барҷомонда буданд.
Ду ҳафта пештар аз ин киштии зериобии С-13 яке аз калонтарин воситаҳои нақлияи обии Олмон киштии “Генерал фон Штойбен”-ро низ мавриди ҳамла қарор дод ва дар об ғарқ кард, ки дар миёни 4 ҳазор кушташудагон ҳамчунин қисмати бештарашон паноҳандагон буданд. Ин аст, ки С-13-ро пурмаҳсултарин ва ҷанговартарину коромадтарин зердарёии замони ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ меномиданд.
Марисенкоро барои ин шуҷоат ба унвони Қаҳравони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод намуданд, вале дар марказ бо додани ордени Ситораи Сурх қаноат карданд. Сарнавишти баъдии ӯ фоҷеабор аст. Соли 1949 барои исрофкорӣ ва ба бод додани моликияти сотсиалистӣ 3 сол аз озодӣ маҳрум карданд. 25-уми ноябри соли 1953 бар асари бемории вазнин аз олам даргузашт. Муддати басо тӯлонӣ аз қаҳрамониҳои вай дар солҳои ҷанг хомӯшӣ ихтиёр карданд. Соли 1977 як маллоҳи пайкарасоз бо номи Валерий Приходко бо пули аз маллоҳон ҷамъоваришуда пайкараи ӯ ва экипажи қаҳрамони таҳти фармони ӯро дар шаҳри Лиепай гузошт. Соли 1990 бо фармони Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв Маринеско сафед карда шуд ва баъди марг барояш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ доданд.
Макони ҳалокати киштии «Вилгелм Густлофф» маълум аст ва умқи 45 метр хобидааст. Аммо то соли 1955 ба лаҳистониҳо иҷозат дода намешуд, ки аз он дидан кунанд. Вале ғаввосони ҳарбии Шӯравӣ ҳамеша то ба ин киштӣ мерафтану меомаданд. Овозаҳое ҳам буд, ки киштии «Вилгелм Густлофф» ганҷинаҳои ғораткардаи артиши Олмони фашистӣ дар қаламрави ишғолӣ, аз ҷумла асарҳои гаронарзиши санъат, тилло ва дигар ҷавоҳиротро низ интиқол медод. Вале баъдан вақте лаҳистониҳо иҷозати омӯзиши онро дарёфт карданд, аз ин чизҳо нишонеро наёфтанд. Ҳатто то кунун ба кулли арқоми аз он дарёфтшуда муҳри махфӣ зада шудааст ва аз шоҳидони зинда ҳам касе то кунун чизе нагуфтааст.