Тӯфони “Ида” дар Луизиана ҳудудан 2 миллион нафарро аз қувваи барқ маҳрум кард (ВИДЕО)

Тӯфони “Ида”, ки  манотиқи наздисоҳилии иёлоти амрикоии Луизианаро фаро гирифт, наздик ба ду миллион сокинони минтақаро аз қувваи барқ маҳрум кард. То ба ин соатҳо аз марги як нафар гузориш расидааст, вале губернатори иёлот ба ин бовар аст, ки шумори куштагони ин тӯфон меафзояд.

Коршиносон мегӯянд барои ин минтақа як муддати тӯлонӣ мушкил хоҳад буд. Ҳукумат наздик ба 5 ҳазор аъзои горди миллиро барои бартараф намудани паёмадҳои ин тӯфони харобкор эъзом кардааст. Шабакаи телевизионии Си-Эн-Эн низ хабар дод, ки наздик ба 25 ҳазор нафар аз саросари ИМА талош доранд барои рафъи оқибатҳои ин офат кумак кунанд.

Шаҳрдори Луизиана ба хабарнигорон гуфтааст, ки “системае, ки барои наҷоти ҷони одамон ва ҳимояи шаҳр барпо карда будем, вазифаи худро иҷро намуд, аммо корҳои зиёде монда, ки бояд анҷом диҳем”.

ЧАРО ТӮФОНҲО БЕШТАР НОМИ ЗАНОНА ДОРАНД? ВА ЧАРО ҶОПОНИҲО БА ТӮФОНҲОИ ХАРОБКОР НОМИ ЗАНОНА НАМЕГУЗОРАНД?

Маркази миллии назорати тӯфонҳои ИМА (NHC) хабар дод, ки рӯзи якшанбе суръати ҳаракати бод ба 240 километр дар як соат расид ва ин тӯфон тибқи ҷадвали Саффир-Симпсон дараҷаи чор унвон гирифт. Субҳи рӯзи душанбе суръати тӯфон коҳиш ёфт ва шамол ҳам аз шиддати худ кост ва соате 120 километр масофаро тай мекард. 

Мақомот аввал гуфта буданд, ки бар асари ин тӯфон як миллион нафар бе қувваи барқ монданд, вале субҳи рӯзи душанбе фармондори (губернатори) Луизиана Ҷон Бел Эдвардс дар як суҳбати телевизионӣ гуфт, ки шумори бе нерӯи барқмондагон метавонад наздик ба ду миллион нафар бошад. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар минтақаҳое, ки тӯфон хароб кард, мушкили оби нӯшокӣ низ пеш омад.

Фармондори Луизиана ҳамчунин дар бораи ширкати 34 чархбол ва ҳавопаймо, 200 мошин дар корҳои рафъи оқибатҳои офат ҳарф зад. 

Мақомот ҳоло мегӯянд миллионҳо долларе, ки барои ҳифозат аз тӯфонҳо дар иёлот сарф шуда буд, беҳуда нарафтааст. Тӯфони “Ида” бо ҳама харобкориҳову пурқудратӣ натавонист ба мисли тӯфони “Катрин” дар соли 2005, ки 1800 нафарро ба ҳалокат расонад, харобиҳои зиёд орад. 

Тӯфони тропикии “Ида” ҳафтаи гузашта дар баҳри Кариб шакл гирифт ва аз ғарби Куба то қисматҳои ҷанубии халиҷи Мексикаро фаро гирифт.

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:

ТӮФОН ДАР ГУҶАРОТИ ҲИНД: 200 ҲАЗОР НАФАР АЗ ХОНАҲОИ ХУД ФИРОР КАРДАНД. 127 НАФАР НОПАДИД ШУДАНД

ИЛМ: ОЁ САДОҲОИ АСРОРОМЕЗ МЕТАВОНАНД ТӮФОНРО ПЕШБИНӢ КУНАНД?

ТӮФОНИ ГЕОМАГНИТӢ Ё ХУРШЕДӢ ЧИСТ?

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. ФОҶЕАИ КОЛУМБ - ДАРЁНАВАРД ВА КИШВАРКУШОИ МАШҲУР, АДМИРАЛИ БАҲРУ УҚЁНУС

ДАР ОБХЕЗИҲОИ АХИРИ ГОНДУРАС 360 ҲАЗОР НАФАР ЗАРАР ДИДАНД. МАҚОМОТ АЗ ҲАЛОКАТИ 11 ВА БЕНИШОН ШУДАНИ 6 НАФАР ХАБАР ДОДАНД

барчасп: