Шоми гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 40 сироятшудаи нав ба коронавирус хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки 48 нафар баъди муолиҷа аз беморхонаҳои хориҷ шудаанд. Дар хабари ин вазорат омадааст: 29 август дар кишвар 16 778 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 618 нафар (99,0%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода эълон кард, ки пирӯзи бар мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон ногузир аст. Ҳоло чор намуди ваксинаи зидди коронавирус: "Спутник V" (Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) барои кулли сокинони аз 18-сола боло дар ҳамаи муассисаҳои тиббии кишвар ройгон дастрас мебошад.
Идораи миллии ҳавонавардӣ ва фазои ИМА (НАСА) аз таъхир ба партоби мушак нигарон аст. Ин ба зарурати тағир додани интиқоли оксигени моеъ аз фурудгоҳҳои кайҳонии Амрико ба беморхонаҳо вобаста ба афзоиши ҳодисаҳои коронавирус дар Иёлоти Муттаҳида вобаста аст.
Чандин ҳазор нафар дар шаҳри Берлин дар эътирозҳо зидди маҳдудиятҳои зиддикоронаие, ки ҳукумати Олмони Федерол ҷорӣ кардааст, ширкат карданд.
Сокинони Фаронса рӯзи 28-ми моҳи августи соли равон бори дигар ба нишони эътироз аз рухсатномаҳои беҳдоштӣ ва ваксинкунии иҷборӣ ба кӯчаҳо рехтанд. Ин тазоҳуротҳои ҳафтумин ҳафта аст, ки рӯзҳои якшанбе баргузор мешаванд ва то кунун дар онҳо 160 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Фаронсавиҳо аз он норозианд, ки ҳукумат барои вуруди шаҳрвандон ба қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, минамохонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ доштани чунин рухсатномаҳро ҳатмӣ кардааст.
Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта бештар аз 33 ҳазор мубталои нав ба коронавирусро ба қайд гирифт. Дар ин 24 соат дар ин кишвар 61 нафар бар асари гирифторӣ ба COVID-19 фавтиданд ва шумори умумии ҷонбохтагон ба 132 437 нафра расид.
Ҳукуматдорони Италия талабони карантини панҷрӯза барои воридшавандагон аз Британияи Кабирро барҳам доданд. Аммо шарти ягона он аст, ки онҳо бояд пурра эм шуда бошанд.
Иморати Муттаҳидаи Араб рӯзи шанбе эълон кард, ки аз имрӯз, 30-уми август додани раводиди сайёҳиро ба шаҳрвандони ҳамаи кишварҳое, ки бо ваксинаҳои тайидкардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эм шудаанд, оғоз мекунад.
Дар Ҷопон боз дар як бастаи дигар ваксинаи зидди коронавируси тавлиди амрикоии Moderna моддаи бегонаро ошкор кардаанд.
Сафорати Чин дар ИМА баъди шиносоӣ бо маърӯзаи хадамоти иктишофии ин кишвар дар бораи аслу насаби SARS-CoV-2 онро ғайри қобили пазириш хондааст ва гуфтааст, ки бигзор дар таҳқиқи чунин як масъалаи ҳассоси илмӣ донишмандон машғул шаванд, на хадамоти ҷосусӣ.
Озорбойҷон муҳлати амали карантин дар кишварро, ки мебоист 1-уми сентябр ба охир мерасид, як моҳи дигар тамдид кард.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 19 286 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар айни замон дар Русия ваксанкунии сартосарӣ идома дорад ва кулли хоҳишмандон ройгон эм карда мешаванд. Дар ин кишвар 5 ваксина аз ҷониби вазорати тандурусӣ тасдиқ шудааст: «Спутник V», «Спутник Лайт», «ЭпиВакКорона», «КовиВак» ва «ЭпиВакКорона-Н».
То 30-уми августи соли равон дар Қазоқистон 779 927 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз COVID-19 дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ 9 118 нафар ҷон бохтаанд, сатҳи маргумир аз коронавирус 1.17% эълон шудааст.
Дар Қирғизистон дар ин муддат 175 437 ва дар Ӯзбекистон 154 844 нафар ба COVID-19 гирифтор шудаанд. Аз ин беморӣ дар Қирғизистон 2 518 ва дар Ӯзбекистон 1 070 нафар ҷон бохтаанд.