244,5 миллион нафар сокинони қаламрави Иттиҳодияи Аврупо, ки 66,8 дарсади аҳолии калонсолро ташкил медиҳад, худро зидди коронавирус эм кардаанд. Малта (90,3%), Ирландия (85,5%) ва Дания (83,5%), Латвия (45,5%), Руминия (31,9%) ва Булғористон (19,5%).
Як таҳқиқот, ки ахиран дар Британияи Кабир анҷом шудааст, нишон додааст, ки ваксини AstraZeneca ва Pfizer наздик ба 67% ва 80% ҳодисаҳои сироят ба коронавируси навъи делтаро пешгирӣ кардаанд.
Наздик ба 40 ҳазор сокинони Шветсия , ки беморони вазнин мебошанд, метавонанд то 1-уми сентябри соли равон дозаи сеюми ваксан зидди коронавирусро бигиранд.
Садҳо нафар кормандони тибб дар шаҳрҳои Афина ва Салоника зидди ваксанзании иҷборӣ тазоҳурот кардаанд. Ваксанкунии маҷбурӣ дар Юнон ҳамчунин духтурон ва дорусозони хусусиро низ дар бар мегирад.
Вазорати тандурустии Эрон ваксанкунии занони ҳомиларо ҳам иҷозат дод.
Сироят ба КОВИД-19 дар Африқо ҳамоно дар сатҳи баланд қарор дорад.
Дар Австралия аз аввали ҳамагирӣ бори аввал шабонарӯзи гузашта беш аз ҳазор мубталоро ба қайд гирифтанд.
Дар Эстония танҳо як васингирифта фавтидааст ва дигар ҳодисаи марг баъди эмкунӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Украина шояд аз аввали моҳи ноябр ба локдауни нав фаро гирифта шавад. Дар ин бора сардухтури беҳдоштии ин кишвар Игор Кузин дар як мусоҳиба рӯзи 26-уми август ибрози назар намуд.
Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Русия 19 630 мубталои нав ба COVID-19-ро сабт карданд.
То 27-уми августи соли равон дар Қазоқистон 761 249, дар Қирғизистон 174 813 ва дар Ӯзбекистон 152 363 ҳодисаи сроят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми рӯзи 26-уми августи соли равон 46 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19-ро сабт кардаву гуфтааст, ки 58 нафар баъди муолиҷа аз беморхонаҳо ҷавоб шудаанд. Ин манбаъ шумори гирифторон аз аввали ҳамагириро 16 653 ва табобатёфтагонро 16 480 нафар эълон крадааст. Аз аввали ҳамагирӣ 124 нафар ҷон бохтаанд.