Таркиш дар як анбори силоҳ дар Қазоқистон 3 кушта ба ҷой гузошт (ВИДЕО)

Дар як анбори силоҳ воқеъ дар вилояти Ҷамбали Қазоқистон  таркиши сахте рӯй дод ва бино ба охирин хабарҳо бар асари ин инфиҷор се нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафари онҳо хизматчиёни ҳарбӣ буданд. Аз захмӣ шудани 32 нафар низ гузориш расидааст.

Бино ба маълумоти вазорати мудофиаи Қазоқистон таркише, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардон аст, рӯзи гузашта тахминан соатҳои 19:00 бо вақти маҳаллӣ дар натиҷаи сӯхтор дар наздикии яке аз анборҳои силоҳ дар ҳудуди қисми ҳарбӣ рух додааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар ин анбор лавозимоти ҷангие нигоҳ дошта мешуд, ки дурбурди зиёд надоранд. 

Барои хомӯш кардани оташи сӯхтор мошинҳои сӯхторнишонӣ ҷалб карда шудаанд ва барои эҳтиёт аҳолии атроф ба макони амнтар интиқол ёфтанд. 

Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд ҳамоно дар атрофи ин анбор садоҳои таркиш шунида мешаванд. Тибқи маълумоти пешакӣ 32 нафар ҷароҳат бардоштаву 3 нафар кушта шудаанд, ки ду тани онҳо сарбозон мебошанд. 

Гуфтанист, ки соли 2019 дар шаҳри Арис як анбори силоҳ мунфаҷир шуда буд. Ҳукуматдорони маҳаллӣ аҳолиро ба ҷойи дигар интиқол доданд ва онҳоро дар лагерҳову меҳмонхонаҳо муваққатан ҷо доданд. Зарари расида аз ин ҳодиса 20 миллиард танга (3,5 миллиард рубли русӣ) эълон шуда буд.

барчасп: