Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 214 миллиону 780 ҳазору 276 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 4 миллиону 477 ҳазору 259 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди шифоёфтагон аз ин беморӣ 192 миллиону 110 ҳазору 600 нафар эълон шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ифшои боз 45 гирифтори коронавирус дар шабонарӯзи гузашта ва муолиҷаи 62 нафар хабар дод. Бино ба иттилои ин манбаъ “дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 25 август дар кишвар 16607 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16422 нафар (98,9%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд”.
Кишварҳое, ки шумори бештари гирифторон ба коронавирус доранд:
ИМА — 39 076 091
Ҳинд — 32 557 767
Бразилия — 20 645 537
Русия — 6 804 910
Фаронса — 6 673 336
Баъди ду моҳи авҷи муриш аз коронавирус дар олам ҳоло вазъ ба эътидол омадааст. Дар ин бора дирӯз, 25-уми август сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейсус иттило дод. Аммо вай таъкид кард, ки ҳоло сухан аз сироят ва маргумир дар “сатҳи биёр баланд” меравад. Бино ба маълумоти СҶТ зарфи як ҳафтаи охир, аз 16 то 22 августи соли равон дар олам 4 миллиону 553 ҳазору 625 сироятшудаи нав ва 68 575 фавтида аз COVID-19 сабт шудааст.
Тедрос Аданом Гебрейесус ҳамчунин хабар дод, ки шумори ваксангирифтагон дар олам аз 5 миллиард нафар гузаштааст. Ниме аз ин теъдод ба Чин (1,96 млрд) ва Ҳинд (0,59 млрд) рост меояд.
Австрия мегӯяд воксини тавлиди Русия аз коронавирус "Спутник V" бояд мавриди пазириш бошад ва Агентии дорувории Аврупо онро қабул кунад, то равуо миёни ду кишвар осон шавад.
Нишондиҳандаи ваксингирии аҳолӣ баъди як ҳафтаи ишғоли Кобул аз ҷониби Толибон дар Афғонистон 80% коҳиш ёфтааст. Аз 15-уми август, ки Толибон вориди ҳари Кобул шуданд, то 19 август дар 23 вилоят ҳамагӣ 30 500 нафар зидди коронавирус ваксин гирифтанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 8 то 12 август дар 30 вилоят 134 600 нафар эм карда шуда буданд. Моҳи ноябри соли 2021 дар Афғонистон муҳлати истифодаи қариб ду миллион доза воксинаи Johnson & Johnson ба охир мерасад.
Вазорати тандурустии Эрон хабар дод, ки шумори марг аз коронавирус дар ин кишвар то 103 357 нафар афзуд, 709 нафар танҳо зарфи 24 соати охир фавтиданд.
Индонезия истифода аз воксинаи русии "Спутник V"-ро иҷозат дод.
Ветнам гуфт агар дар кишвар талабот пайдо шавад, омода аст ҳамаи воксинаҳои тавлиди Русияро барои истифода иҷозат диҳад.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар СММ Чэн Сюй ба Созмони ҷаҳонии тандудурустӣ дархости расмӣ ирсол кард ва хоҳиш намуд, ки озмоишгоҳи амрикоии Форт-Детрик ва донишгоҳи иёлоти Каролинаи Шимолӣ дар доираи тафтишҳои насаби коронавирус КОВИД-19 санҷида шавад.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 19 536 нафар ба коронавирус сироят шуданд ва 809 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
То 26-уми августи соли равон дар Қазоқистон 754 891, дар Қирғизистон 174 576 ва дар Ӯзбекистон 151 517 нафар чун мубтало ба коронавирус аз аввали ҳамагирӣ сабт шудааст.
Қирғизистон эълон кардааст, ки дар шаҳри Бишкек ба поси хотири табибоне, ки барои муолиҷаи беморони гирифтори Covid-19 ҷони худро аз даст доданд, пайкара гузошта хоҳад шуд.